Собиқ табиби ташхисгари Суғд баъди 20 соли куштор маҳкум шуд

Date:

Собиқ табиби Маркази ташхиси судиву тиббии вилояти Суғд барои куштори ҳанӯз 20 сол пеш содиршуда ба 15 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд.

Судяи суди вилояти Суғд Шавкат Обидиён ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҳкумшуда Тоҳир Ҳакимови 48-сола давоми солҳои 1995-1997 ба ҳайси ташхисгари судиву тиббӣ ва солҳои охир ба сифати табиб дар Маркази солимии деҳаи Қӯрғонча кор кардааст.

«Куштор 30 июни соли 1997 содир шуда, танҳо акнун баъди 20 сол, 16 июни соли 2017 тибқи аризаи хеши дар зиндон қарордоштааш ӯ ба гумони даст доштан дар ин куштор боздошт шуд», – иброз дошт судя.

Ба гуфтаи ӯ, зимни мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки Ҳакимов моҳи феврали соли 1997 ба шиноси худ Бахтиёр Кураматов, ронандаи ректори филиали Донишгоҳи техникии ба номи академик С.Осимии шаҳри Хуҷанд 3,5 ҳазор доллар қарз дода, ӯ ваъда додааст, ки қарзро баъди 10 рӯз бармегардонад, вале барнагардонида, гузашта аз ин, изҳор мекунад, ки аз табиб чизе нагирифтааст ва ба ӯ таҳдид ҳам мекунад.

Моҳи майи соли 1997 Кураматов ҳамроҳи ду нафар шахсони ношинос табибро лату кӯб намуда, ӯ ҷароҳат мебардорад ва дар хона муолиҷа гирифта, дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар намедиҳад.

«Санаи 30 июли соли 1997 табиб Бахтиёр Кураматовро назди мошинаш интизор шуда, вақте ки ӯ ба автомашина мешинад, Ҳакимов ба курсии қафои автомашина нишаста, талаб мекунад, ки қарзро баргардонад, – мегӯяд судя. – Дар натиҷа занозанӣ ба вуқӯъ пайваста, табиб ба Кураматов чандин маротиба бо корд зарба мезанад, ки бар асари он ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад».

Баъди куштор табиб кордро ба об партофта, ба Маркази ташхиси судиву тиббии вилояти Суғд ба кор меравад. Ҷасади Бахтиёрро барои ташхис ба марказ меоранд ва ӯ шахсан ба он хулосаи тиббӣ менависад. Қотили Кураматов муддати 20 сол номаълум буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...