Бар асари тирпарронӣ дар Лас-Вегас беш аз 20 нафар ҷон бохтанд

Мақомоти пулиси Лас-Вегас эълом доштааст, ки бар асари ҳамла ҳангоми консерт беш аз 20 нафар ҷон бохта, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд, менависад Медуза бо истинод ба Associated Press. Шоми рӯзи якшанбе дар мавзеи ҷануби Лас-Вегас, ки меҳмонхона ва қиморхона (казино)-и «Мандалай-Бэй» дар он ҷойгиранду дар наздикиаш фестивали мусиқии Route 91 ҷараён дошт, шахси […]

Asia-Plus

Мақомоти пулиси Лас-Вегас эълом доштааст, ки бар асари ҳамла ҳангоми консерт беш аз 20 нафар ҷон бохта, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд, менависад Медуза бо истинод ба Associated Press.

Шоми рӯзи якшанбе дар мавзеи ҷануби Лас-Вегас, ки меҳмонхона ва қиморхона (казино)-и «Мандалай-Бэй» дар он ҷойгиранду дар наздикиаш фестивали мусиқии Route 91 ҷараён дошт, шахси номаълум ба тирпарронӣ шурӯъ кард.

Хабаргузории ABC News бо истинод ба намояндаи пулис менависад, марде, ки ба сӯи тамошобинони консерт ба типарронӣ оғоз кард, кушта шудааст. Шахсияти ӯ  ва ҳамчунин танҳову якка будан ё ҳамроҳ доштани ӯ алҳол маълум нест.

Дар аксҳои пайдошуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки шахсони оғӯштаи хун рӯи замин хобанд. ВАО-и маҳаллӣ бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон иттилоъ медиҳанд, ки тирпарронӣ босуръату тӯлонӣ буда, ба ҳама ҷо тир кушода мешудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.