Овозхони саршиноси ӯзбек ба сокинон ва меҳмонони Душанбе шодмониву сурури беҳад тақдим кард.
Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон, овозхони саршиноси ин кишвар Юлдуз Усмонова пас аз танаффуси ҳаштсола назди мухлисони тоҷикистонии худ ҳунарнамоӣ кард. Барномаи конесртии ӯ дар Амфитеатри Душанбе, зери ҳавои кушод доир гардида, ҳунарнамоии сароянда ҳеҷ касро бетараф гузошта натавонист – ҳама ӯро ҳамовозӣ мекарданду зери таронаҳояш рақс мекарданд.
Консерти нахусти худро Юлдуз Усмонова дар шаҳри Хуҷанд баргузор намуд. Дар бораи таассурот аз он ва нақшаҳои минбаъдааш овозхони ӯзбек дар барномаи радиои «Азия-Плюс» бо мухлисонаш гуфтугӯ кард, ки навори видеои онро бо ин суроға метавонед дастрас намоед.