КҲФ аз обуҳавои боронӣ ва сангрезӣ дар роҳҳо ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои обуҳовосанҷон 4-уми октябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, шамол шиддат гирифта, дар як сония 17-22 метр мевазад ва ҳавои боронӣ дар назар буда, дар баландиҳои бештар […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои обуҳовосанҷон 4-уми октябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, шамол шиддат гирифта, дар як сония 17-22 метр мевазад ва ҳавои боронӣ дар назар буда, дар баландиҳои бештар аз 2500 метр борон ба барф табдил меёбад.

Гуфта мешавад, аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор ва ҳушёру зирак бошанд. Бахусус, дар роҳандозии корҳои саҳро ботаваҷҷуҳ бошанд.

Дар ин рӯз аз ҷамъоварии ҳезум дар манотиқи куҳӣ ва рафтан ба шикоргоҳ ба қасди шикор худдорӣ кунанд.

Ронандаҳо талош намоянд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ масофаи таъиншударо риоя намоянд, боло бурдани суръати ҳаракати мошин муҷиби садамаҳо шуда метавонад.

Ёдрас мешавад, ки бар асари боришоти шадид имкон дорад дар роҳҳо санг резад ва ин хатари ҳаракат дар роҳҳои мошингардро дучанд мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст