Кумитаи забон иштибоҳоти Википедияро ошкор кард

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба аз ҷониби бахши тоҷикии Википедия роҳ додан ба хатоҳои грамматикӣ ишора мекунад. «Мо Википедияро огоҳ мекунем, ки дар саҳифаҳои мавод бо забони тоҷикӣ ғалатҳояшонро ислоҳ кунанд», – гуфт ба «Азия-Плюс» муовини раиси Кумита Саодатшо Матробиён. Ба гуфтаи ӯ, коршиносони Кумита муддати ду ҳафтаи таҳлилу баррасии маводи Википедия […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба аз ҷониби бахши тоҷикии Википедия роҳ додан ба хатоҳои грамматикӣ ишора мекунад.

«Мо Википедияро огоҳ мекунем, ки дар саҳифаҳои мавод бо забони тоҷикӣ ғалатҳояшонро ислоҳ кунанд», – гуфт ба «Азия-Плюс» муовини раиси Кумита Саодатшо Матробиён.

Ба гуфтаи ӯ, коршиносони Кумита муддати ду ҳафтаи таҳлилу баррасии маводи Википедия бо забони тоҷикӣ миқдори хеле зиёди хатоҳои имлоиро ошкор карда, ба хулосае расиданд, ки дар ин ҳолат қонуни забон ва қарори ҳукумат дар бораи имлои забони тоҷикӣ риоя намешавад.

Кумита дар сомонаи худ маводеро аз саҳифаҳои Википедия гузоштааст, ки ба ақидаи онҳо, дар ин мавод меъёрҳои забони тоҷикӣ риоя намешаванд.

Кумитаи забон ва истилоҳот ноширони масъули қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia"-ро, ки муҳтавои сомонаро бо забони тоҷикӣ интишор мекунанд, огоҳ карда, пешниҳод мекунад, ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона бояд ислоҳ карда шаванд.

Матробиён мегӯяд, вагарна онҳо назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт, аммо дар посух ба саволи бо кадом роҳу восита маълум кардани муаллифони мавод душворӣ кашид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио