Куштор дар Хоруғ: тирборони пайвандон барои мерос

Як сокини шаҳри Хоруғ бераҳмона аз пайвандонаш қасос гирифт: ӯ ба сӯи ҳамсари бародари марҳумаш тир холӣ карда, ҷияни хурдсоли худро захмӣ кард. Мард бо номи Некрӯз Д. мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда, ӯро натанҳо кормандони милитсия, балки аҳолии минтақа низ ҷустуҷӯ доранд. Ин муноқишаи оилавӣ шаби 6 октябр дар деҳаи Поршнев рух дод. Мард ба […]

Asia-Plus

Як сокини шаҳри Хоруғ бераҳмона аз пайвандонаш қасос гирифт: ӯ ба сӯи ҳамсари бародари марҳумаш тир холӣ карда, ҷияни хурдсоли худро захмӣ кард.

Мард бо номи Некрӯз Д. мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда, ӯро натанҳо кормандони милитсия, балки аҳолии минтақа низ ҷустуҷӯ доранд.

Ин муноқишаи оилавӣ шаби 6 октябр дар деҳаи Поршнев рух дод. Мард ба хонаи пайвандонаш омада, дар мавриди мероси бародари марҳумаш ба муноқиша мепардозад. Қаблан бо қарори суд манзил ба ҳамсар ва кӯдаки вогузор шуд. Лекин мард бо ин қарор розӣ набуда, тасмим мегирад, ки «рақибонаш»-ро аз сари роҳ бигирад.

«Ӯ ҳамсару бародари ӯ, писару хушдомани бародарашро, ки он замон дар хона қарор доштанд, тирборон кардааст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як сокини ҷамоати Поршинев.

Зани пиронсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамсару кӯдаки бародараш дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Тибқи маълумоти манбаъҳои «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, айни замон ба ҷустуҷӯи сокини мавриди пайгард эълоншудаи шаҳри Хоруғ аҳолии минтақа ҳам ҳамроҳ шудаанд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ваъда доданд, ки ояндаи наздик дар мавриди ҳодисаи мазкур муфассал маълумот хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.