Сергей Шойгу ҷиҳати баррасии вазъи марз ба Душанбе омад

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҶТ хбар доданд, ин ҷаласа имрӯз, 12 октябр дар пойтахти Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуда, иштирокдорони ҷаласа атрофи масъалаҳои арзёбии вазъ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод ва таъсири […]

Asia-Plus

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҶТ хбар доданд, ин ҷаласа имрӯз, 12 октябр дар пойтахти Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуда, иштирокдорони ҷаласа атрофи масъалаҳои арзёбии вазъ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод ва таъсири он ба таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайатҳои низомии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 20 масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбиро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин қабули қарор оид ба масъалаҳои рушди низоми муттаҳидаи нерӯҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, таъмини иттилоот, таъсиси ассотсиатсияи байнулмилалии Бозиҳои артишӣ, роҳандозии ҳамкории мутақобила дар соҳаи таъмини муҳандисӣ ва миёни хадамоти топографии нерӯҳои низомии кишварҳои узхви Иттиҳод дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио