Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон» баррасӣ мешавад; – Дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон миёни дастаҳои «Бенгалуру» ва «Истиқлол» (Душанбе) бозии ҷавоби даври нимфиналии Ҷоми КФО баргузор мешавад. Бозии аввал бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик […]

АНОНС

– Дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон» баррасӣ мешавад;

– Дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон миёни дастаҳои «Бенгалуру» ва «Истиқлол» (Душанбе) бозии ҷавоби даври нимфиналии Ҷоми КФО баргузор мешавад. Бозии аввал бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфта буд;

– Дар Загреб (Хорватия) мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни наврасон оғоз мегардад. Ҳайати дастаи Тоҷикистон: Суҳроб Боқиев (-60 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов (-66 кг), Хайёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кг), Темур Раҳимов (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг);

– Дар Шанхай (Чин) мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ идома дорад. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон: Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов, Зумрад Пирназарова.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8049 сомонӣ;

1 евро – 10.3546 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1504 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1922 – Таъсиси ширкати радиошунавонии бритониёии ВВС.

1996 – Анҷоми корҳои таҷдиди хатти парвозу нишасти фурудгоҳи Душанбе.

2010 — Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи бекор кардани таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳоронаи мактаббачагон ва дароз шудани таътили зимистона ба муддати як моҳ қарор қабул кард.

2013 — Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳифзи солимии аҳолӣ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он тамоми муассисаҳои тиббӣ бояд ҳатман аз қайд гузаранд.

1918-1990 – Зодрӯзи актёр ва коргардон, Ҳунарпешаи шистаи Тоҷикистон Саъдулло Каримов.

1939 — Мавлуди шоир ва тарҷумон Аслам Адҳам

1962 – Зодрӯзи сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +17+22; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +12+17. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +20+22.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +20+22.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.