Айбдоркунии мансабдори туркман дар «даъват ба ошӯби зидди ҳукумат»

Як мансабдори бахши маорифи Туркманистон баъди ширкат дар роҳпаймоии эътирозии шаҳрвандон дар робита ба болоравии пардохтҳои боғчаи кӯдакон боздошт шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, даҳҳо зани норозӣ аз болоравии пардохтҳои боғчаи кӯдакон 10 октябр назди идораи маорифи вилояти Дашоғӯзи Туркманистон эътироз кардаанд. Намояндаи идораи маориф занҳоро пешвоз гирифта, маслиҳат дод, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Як мансабдори бахши маорифи Туркманистон баъди ширкат дар роҳпаймоии эътирозии шаҳрвандон дар робита ба болоравии пардохтҳои боғчаи кӯдакон боздошт шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, даҳҳо зани норозӣ аз болоравии пардохтҳои боғчаи кӯдакон 10 октябр назди идораи маорифи вилояти Дашоғӯзи Туркманистон эътироз кардаанд.

Намояндаи идораи маориф занҳоро пешвоз гирифта, маслиҳат дод, ки ба "идораи ҳокимият рафта, арзашонро онҷо расонанд". Занони норозӣ баъди ин назди идораи ҳукумати шаҳри Дашоғӯз рафтанд.

Мансабдори бахши маориф ва хонаводааш пас аз он эътироз ба даъвати ошӯб зидди ҳукумат айбдор шуданд. Ба ҷуз ин, ҳамсари вай, ки дар яке аз боғчаҳо фаъолият мекард ва фарзандаш низ, ки хоҷагидори яке аз мактабҳои маҳаллӣ буд, аз мақом барканор шудаанд.

Баъд аз анҷоми эътироз, шаби 10 октябр пулис ба манзили мансабдор омада ӯро боздошт кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.