Дар Тоҷикистон боз се иди нав пайдо мешавад

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба қонун Дар бораи рӯзҳои ид» ба парлумон пешниҳод кардааст, ки дар он рӯзи 30 январро ҳамчунин ҷашни Сада таҷлил кардан пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз замонҳои қадим ҷашни Сада панҷоҳ рӯз пештар то фарорасии Иди Наврӯз, 10-уми моҳи баҳман (30 январ) таҷлил мегардид. Расму  оин ва анъанаҳои мардуми ориёнажод таърихи сеҳазорсола дошта, бештар дар ҷашнҳое ба монанди Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра зоҳир мешаванд.

Ғайр аз ин, ҳукумат пешниҳод кардааст, ки ҳамасола санаи 15 октябр ҳамчун иди Меҳргон ва Рӯзи коркунони бахши кишоварзӣ ҷашн гирифта шавад.

Ҳукумат ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ҳамасола санаи 26 октябр ҳамчун – Рӯзи кормандони суд ҷашн гирифта шавад ва ин сана тасодуфӣ интихоб нашуда, маҳз рӯзи 26 октябри соли 1929 Суди олии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...