Туркия собиқ афсари Вазорати мудофиаи Русияро ба Тоҷикистон истирдод кард

Туркия собиқ афсари Вазорати мудофиаи Русия, капитани 34-соларо, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангидааст, ба Тоҷикистон истирдод намуд. Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, Денис Хисамов дар шаҳри Краснодари Россия таваллуд шуда, шаҳрванди ин кишвар мебошад, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои техникӣ, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Россия. «Моҳи майи соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистонро […]

Asia-Plus

Туркия собиқ афсари Вазорати мудофиаи Русия, капитани 34-соларо, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангидааст, ба Тоҷикистон истирдод намуд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, Денис Хисамов дар шаҳри Краснодари Россия таваллуд шуда, шаҳрванди ин кишвар мебошад, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои техникӣ, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Россия.

«Моҳи майи соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистонро омода намуда, тавассути ин шиноснома аз Россия ба Туркия ва аз он ҷо ба гурӯҳҳои ҷинояткори Давлати исломии Ироқу Шом пайвастааст, – омадааст дар маълумоти ВКД. – Денис Хисамов дар муноқишаҳо ва ҷангҳои сарзамини Ироқу Сурия фаъолона ширкат варзида, моҳи апрели соли 2017 вақти баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз ҷониби кормандони милитсияи Туркия дастгир ва барои шиносномаи қалбакии Тоҷикистонро доштанаш, ба Тоҷикистон фиристода шудааст».

Гуфта мешавад, Денис Хисамов қасди баргаштан ба Россия барои содир намудани ҷиноятро дошта, санҷишҳо дар ин самт идома доранд.

Як манбаи «Азия-Плюс» дар ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ки ба гумони ғолиб, Хисамов ояндаи наздик аз Тоҷикистон ба Русия истирдод хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст