Ҳабси хонагии раиси пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп

Раиси пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп Пол Манафорт ва шарики тиҷории ӯ Рик Гейтс бар асоси 12 банде, ки зиддашон айб эълом шудааст, аз ҷумла пулшӯӣ ва созиш зидди ИМА худро гунаҳкор намедонанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додгоҳи федеролии Вашингтон хостааст, Манафорт 10 миллион ва Гейтс 5 миллион доллар замонатпулӣ бипардозанд, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раиси пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп Пол Манафорт ва шарики тиҷории ӯ Рик Гейтс бар асоси 12 банде, ки зиддашон айб эълом шудааст, аз ҷумла пулшӯӣ ва созиш зидди ИМА худро гунаҳкор намедонанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додгоҳи федеролии Вашингтон хостааст, Манафорт 10 миллион ва Гейтс 5 миллион доллар замонатпулӣ бипардозанд, чун ба гуфтаи масъулони додгоҳ, эҳтимоли кӯшиши фирори онҳо аз кишвар вуҷуд дорад. То замони пардохти ин маблағ ҳар ду дар ҳабси хонагӣ хоҳанд монд.

Гуфта мешавад, раиси пешини ситоди интихоботии Трамп ва шарикаш дар пинҳон кардани миллионҳо доллар айбдоранд. Манафорт аз соли 2006 то соли 2015 аз "Ҳизби минтақаҳо"-и президенти пешини Украина Виктор Янукович пул гирифтааст. Ӯ барои фирор аз пардохти андоз ширкатҳои офшориро истифода карда, ба воситаи онҳо беш аз 75 миллион долларро интиқол додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ зиёда аз 18 миллион долларро "шӯстааст". Гейтс ба воситаи ширкатҳои офшорӣ беш аз се миллион долларро интиқол додааст.

Сухангӯи Кохи сафед Сара Сандрес дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, айбҳое, ки зидди Манафорту Гейтс эълом шудаанд, бо маъракаи интихоботии Доналд Трамп ҳеч пайванде надоранд. Ӯ исрор кард, ки айбҳои эъломшуда аз нигоҳи замон ва ҳадаф низ бо маъракаи пешазинтихоботии Трамп мувофиқат намекунанд.

Сандрес дар робита ба мушовири пешини Трамп дар умури сиёсати хориҷӣ Ҷорҷ Пападопулос афзудааст, ки ӯ як "ихтиёрӣ" буд ва дар маъракаҳои интихоботӣ низ нақши хеле "маҳдуд" дошт. Рӯзи душанбе хабар доданд, Ҷорҷ Пападопулос иқрор кардааст, ки баёноти додаи ӯ ба Бюрои федеролии тафтишоти ИМА дурӯғ буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.