Собиқ роҳбари Каталония ба Белгия ҳиҷрат кард

Роҳбари ҳукумати Каталония Карлес Пучдемон ба Белгия рафт, изҳор доштааст адвокати кирокардаи ӯ Пол Бекаерт. Бино ба иттилои ВВС, ӯ гуфтааст, алҳол дар Белгия паноҳгоҳи сиёсӣ дархост кардани Карлес Пучдемон маълум нест ва дар сурати лозим шудани ҳимояти ҳуқуқӣ, ӯ аз манфиатҳои сиёсатмадор пуштибонӣ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки мақомоти прокуратураи Испания нисбати Пучдемон […]

Asia-Plus

Роҳбари ҳукумати Каталония Карлес Пучдемон ба Белгия рафт, изҳор доштааст адвокати кирокардаи ӯ Пол Бекаерт.

Бино ба иттилои ВВС, ӯ гуфтааст, алҳол дар Белгия паноҳгоҳи сиёсӣ дархост кардани Карлес Пучдемон маълум нест ва дар сурати лозим шудани ҳимояти ҳуқуқӣ, ӯ аз манфиатҳои сиёсатмадор пуштибонӣ хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки мақомоти прокуратураи Испания нисбати Пучдемон ва ҳамкорони ӯ дар ташкили ошӯб вобаста ба раъйпурсии 1 октябр оид ба истиқлолияти Каталония айбнома пешниҳод карданист. Ин раъйпурсиро Мадрид ва Брюссел эътироф накарданд.

Парлумони Каталония ба хориҷи шудан аз ҳайати Испания овоз дода, эъломияи дахлдор дар ин бораро тасдиқ кард. Дарҳол баъди ин сенат дар ин автономия идоракунии мустақим аз Мадридро ҷорӣ карда, ҳукумати Испания дар бораи пароканда эълон шудани парлумони Каталония ва таъини интихоботи нав дар санаи 21 декабр қарор қабул намуд.

Сарвазири Испания Мариано Рахой аз мансаб барканор шудани роҳбари ҳукумати Каталония Карлес Пучдемонро эълом дошта, ваъда дод, ки ба ғайриқонунӣ эътироф шудани эъломияи истиқлолияти Каталония ноил хоҳад гашт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.