Нашъаҷаллоб 6 сол дар Русия ва акнун боз 16 сол дар ватан адои ҷазо мекунад

Date:

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Русия адои ҷазо карда буд, ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуда, суд ӯро барои боз ҳамин гуна қонуншиканӣ ба 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» Эраҷ Ализода, судяи суди шаҳри Хуҷанд ва ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур хабар дод, сокини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Абдувоҳид Шарипови 34-сола соли 2010 дар Русия барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки он замон аз ӯ 5 кило маводи мухаддир дарёфт шуда буд, ба 6 соли зиндон маҳкум шуда, то ин замон дар Тоҷикистон барои ҳамин амал мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, он вақт мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми кофтукови хонаи А.Шарипов 54 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира карда буданд.

«Аммо он вақт ба ӯ муяссар шуд, ки паноҳ барад, – гуфт судя. – Акнун баъди адои ҷазо дар Русия, ҳангоми бозгашт ба ватан аввали соли 2017 ӯ аз ҷониби мақмоти ҳифзи ҳуқуқ дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...