Имкони роҳандозии алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни Душанбе ва Ашқобод

Date:

Дар Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон аҳамияти пешбурди татбиқи лоиҳаҳои минтақавии нақлиётӣ зикр гардида, ҳамчунин доир ба зарурати ба роҳ мондани алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни ду кишвар изҳори ақида карда шуд.

«Дар ин росто, мо муҳимияти ҷустуҷӯи шаклҳои нави пешбурди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиамонро зикр намудем», – гуфт зимни қироати изҳорот ба намояндагони ВАО Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ далели мавҷудияти шароити мусоидро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, саноат, энергетика ва кишоварзӣ қайд кард.

«Идома додани корҳо оид ба муайян ва дақиқ намудани   сохтори табодули моли дуҷониба ва ҳавасмандгардонии робитаҳои тиҷоратӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ, ифтитоҳи хонаҳои савдо дар пойтахтҳои ду давлат ҳамчун самтҳои ояндадор ишора гардиданд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар музокирот  аҳамияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика таъкид  гардида, аз рушди робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ ҳамчун омили таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни мардумони ду кишвар ҷонибдорӣ шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин масоили такмили ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, фарҳанг, маориф ва варзиш низ баррасӣ гардиданд.

«Мо ҳамчунин доир ба вазъи минтақа табодули афкор намуда, мушкилоти рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии моро нигаронкунандаро  муҳокима кардем», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳарду ҷониб ҳамфикранд, ки суботи пурра ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистони ҳамсоя барои таъмини амният ва субот дар минтақа аҳамияти калидӣ дорад.

«Зимни баррасии масоили байналмилалӣ мо инчунин доир ба зарурати ба роҳ мондани талошҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ суҳбат кардем», – қайд кард сарвари давлати Тоҷикистон.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки талошҳо дар ин самт минбаъд ҳамоҳанг шуда, дар истифодаи имконияти мавҷуда барои ба сатҳи баланди сифатан нав баровардани муносибатҳоямон кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Дар изҳороти муштараки Президентҳои Тоҷикистон ва Туркманистон қайд мешавад, ки сарони давлатҳо аз сатҳи устувору мусбии ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва дигар самтҳои робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта мешавад, Президентҳо зарурати боз ҳам наздиксозии ҳамкориҳои муштаракро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки ҷонибҳо аъзои он мебошанд, қайд намуданд. Тарафҳо аҳамияти Созмони Милали Муттаҳид ва институтҳои онро ҳамчун воситаи ҳамаҷонибаи кулл дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон таъйид намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...