Имзои Шартномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Туркманистон

Шартнома байни Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ имрӯз 2 ноябр аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Душанбе ба имзо расид. Ҳамин тариқ, Туркманистон чорумин кишварест, ки Тоҷикистон бо он Шартномаи шарикии стратегӣ дорад. Қаблан бо Русияву Чин ва Қазоқистон низ чунин шартномаҳо ба имзо расида буданд. Бино […]

Asia-Plus

Шартнома байни Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ имрӯз 2 ноябр аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Душанбе ба имзо расид.

Ҳамин тариқ, Туркманистон чорумин кишварест, ки Тоҷикистон бо он Шартномаи шарикии стратегӣ дорад. Қаблан бо Русияву Чин ва Қазоқистон низ чунин шартномаҳо ба имзо расида буданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии ҷонибҳо, ки дар доираи сафари расмии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон сурат гирифт, дар маҷмӯъ миёни кишварҳо дар самтҳои гуногун 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аз ҷумла, оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот, оид ба ҳамкориҳои дарозмуҳлати тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2018 -2020 ва ғайра созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.

Ғайр аз ин, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Туркманистон оид ба сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ дар иттиҳодияи деҳқонии “Эргаш Султонов”- и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон протокол ба имзо расид.

Раисони пойтахтҳои кишварҳо Рустами Эмомалӣ ва Шомуҳаммад Дурдалиев дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод Созишнома ба имзо расониданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.