Даъватҳои сокини Суғд тариқи интернет ҷиҳати пайвастан ба сафҳои равияи «Салафия»

Сокини вилояти Суғд барои даъватҳо ба фаъолияти ифротгароӣ дар сафҳои равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди шаҳри Хуҷанд Некрӯз Маъруфзода хабар дод, сокини 27-солаи ноҳияи Зафаробод Самандар Қаландаров дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо забони арабӣ ба номи «Абдуллоҳ» сабтином шуда, бо ишораи […]

Asia-Plus

Сокини вилояти Суғд барои даъватҳо ба фаъолияти ифротгароӣ дар сафҳои равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди шаҳри Хуҷанд Некрӯз Маъруфзода хабар дод, сокини 27-солаи ноҳияи Зафаробод Самандар Қаландаров дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо забони арабӣ ба номи «Абдуллоҳ» сабтином шуда, бо ишораи макони будубоши худ дар Арабистони Саудӣ ба таблиғи афкору ғояҳои равияи «Салафия» машғул будааст.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,  гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар, аз ҷумла яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён Сироҷиддин Абдураҳмонов низ маҳкум шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.