Намоишгоҳ дар Душанбе бахшида ба 100-солагии Инқилоби соли 1917

Аз 10 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии Инқилоби соли 1917 таҳти унвони «1917. Рамзи инқилоб» (1917. Код революции) намоишгоҳ ба кор оғоз мекунад. Намоишгоҳ аз ҷониби Ҷамъиятии таърихии Русия, Осорхонаи давлатии марказии таърихи муосири Русия ва Фонди «Таърихи ватан» бо дастгирии Россотрудничество созмон дода мешавад. Тавре дар сомонаи Россотрудничество дар ин робита […]

Asia-Plus

Аз 10 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии Инқилоби соли 1917 таҳти унвони «1917. Рамзи инқилоб» (1917. Код революции) намоишгоҳ ба кор оғоз мекунад.

Намоишгоҳ аз ҷониби Ҷамъиятии таърихии Русия, Осорхонаи давлатии марказии таърихи муосири Русия ва Фонди «Таърихи ватан» бо дастгирии Россотрудничество созмон дода мешавад.

Тавре дар сомонаи Россотрудничество дар ин робита хабар дода мешавад, дар намоишгоҳ аксҳо аз бойгонӣ ва нусхаҳои санадҳо доир ба вазъи Русия дар аввали асри ХХ, рӯйдодҳои муҳим ва қаҳрамонҳои инқилоби Русия дар солҳои 1905-1907, Инқилоби моҳи Феврал ва Инқилоби Кабири Октябр ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Росстотрудничество дар чорабиниҳо ба муносибати 100-солагии Инқилоби Октябр фаъолона ширкат меварзад. Дар беш аз 80 кишвари саросари ҷаҳон ба ин муносибат намоишгоҳҳо, конфронсҳои илмиву семинарҳо баргузор мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо ба сокинони кишварҳои хориҷӣ фаҳмонидани дарку тарзи муносибати дуруст ба воқеияти таърихӣ мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.