Путин ба гуфтушунид бо Ӯзбекистон дар масъалаи силоҳ дастур дод

Владимир Путин, президенти Русия ба ҳукуматаш дастур дод, ки бо Ӯзбекистон дар мавриди бастани шартнома дар бораи тартиби назорати аслиҳа гуфтугӯ анҷом шавад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин дастур дар сомонаи маълумоти ҳуқуқии ҳукумати Русия нашр шудааст. "Ҳукумати Русия пешниҳоди баргузории гуфтугӯ дар мавриди бастани шартнома миёни Русия ва Ӯзбекистонро дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Владимир Путин, президенти Русия ба ҳукуматаш дастур дод, ки бо Ӯзбекистон дар мавриди бастани шартнома дар бораи тартиби назорати аслиҳа гуфтугӯ анҷом шавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин дастур дар сомонаи маълумоти ҳуқуқии ҳукумати Русия нашр шудааст.

"Ҳукумати Русия пешниҳоди баргузории гуфтугӯ дар мавриди бастани шартнома миёни Русия ва Ӯзбекистонро дар бораи назорат ва истифодаи бо ҳадафи силоҳи ҳарбиро бипазирад", – омадааст дар ҳуҷҷат.

Бар асоси ин дастур, ҳукумати Русия вазифадор шудааст, ки дар поёни гуфтугӯҳо дар мавриди имзои созишнома қарор қабул кунад.

Шартномаи рушди ҳамкориҳои низомиву техникӣ миёни Русия ва Ӯзбекистон 29 ноябри соли 2016 дар Москва қабул шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.