Муҳоҷирони хаста, вале хурсанди «Оқсарой» ба Душанбе расиданд

Қисмате аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки муддати беш аз як ҳафта дар истгоҳи  қатораи роҳи оҳани «Оқсарой»-и вилояти Астрахани Русия қарор доштанд, шоми рӯзи 12 ноябр ба Душанбе омаданд. Қатораи хатсайри Маскав – Душанбе соати 16:30 дақиқа ба Душанбе расида, муҳоҷирони кориро, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар истгоҳи «Оқсарой» шуморашон 75 нафарро ташкил медод, пайвандону […]

Asia-Plus

Қисмате аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки муддати беш аз як ҳафта дар истгоҳи  қатораи роҳи оҳани «Оқсарой»-и вилояти Астрахани Русия қарор доштанд, шоми рӯзи 12 ноябр ба Душанбе омаданд.

Қатораи хатсайри Маскав – Душанбе соати 16:30 дақиқа ба Душанбе расида, муҳоҷирони кориро, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар истгоҳи «Оқсарой» шуморашон 75 нафарро ташкил медод, пайвандону наздикон пешвоз гирифтанд.

Орифҷон Файзуллоев, яке аз ин муҳоҷирон, аз номи ҳамаи муҳоҷирони дар Оқсарой дармонда ба сафорати Тоҷикистон дар Русия барои мусоидат ва кумак ҷиҳати ба ватан фиристоданашон миннатдорӣ изҳор намуд ва қайд кард, ки онҳоро бо хӯрок таъмин намуда, ба билетҳояшон муҳр гузоштаанд, ки дигар харидани билети иловагӣ лозим нашудааст.

Ба Орифҷон ва ҳамаи онҳое, ки аз қатораи Маскав – Душанбе аввали моҳи ноябр фароварда шуда буданд, бо қарори суд вуруд ба Русия манъ шудааст. Аксари муҳоҷирон чандин сол аз Русия хориҷ нашуда, ҳуҷҷатҳои худро гум кардаанд, кадоме ихроҷ шуда, вале саривақт қаламрави Русияро тарк накардааст, ки қонуншикании соҳаи муҳоҷират мебошад.

Як муҳоҷири дигар, марди миёнсол гуфт, бо қарори суд онҳо ҷарима пардохт намуда, сипас намояндагони сафорат ба билетҳои муҳоҷирони дармонда муҳри иловагӣ гузоштаанд ва ин ба онҳо имкон додааст, ки ба ватан раҳсипор гарданд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябр дар истгоҳи «Оқсарой» (Аксарайская) воқеъ дар марзи Русия ва Қазоқистон мақомоти салоҳиятдори Русия тибқи маълумоти гуногун аз 150 то 200 нафар мусофирони тоҷик, асосан муҳоҷирони кориро аз қатораи хатсайри Маскав – Душанбе фароварданд.

Аксари онҳо ба қонуншикании муҳоҷирати Русия даст зада, ба ҳар кадоме бояд бо қарори суд ҷазо таъин мешуд, лекин муҳоҷирон инро сарфи назар карда, то сафар аз Маскав ин корро накарданд, ки барои боздошт ва ихроҷи минбаъда асос дониста шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.