Аксҳои паловхӯрӣ ва наворбардории кормандони Агентии зиддифасод дар тӯй

Date:

Сайфиддин Назарзода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ), ки дар натиҷаи нақзи қонуни танзими анъана дар тӯйи издивоҷи писараш аз мансаб сабукдӯшу ҷарима шуд, аксҳои кормандони Агентии зиддифасодро дар сомонаи худаш нашр карда, онҳоро бо доираи сурх ҷудо кардааст.

Тавре Сайфиддин Назарзода ба «Азия-Плюс» хабар дод, ӯ дар cомона ҳамаи далелҳои ба сифати меҳмон ба тӯй омадани кормандони Агентии зиддифасод, аз ҷойе ба ҷойи дигар нишастан, паловхӯрӣ ва наворбардории онҳоро гузоштааст.

«Аз 247 нафаре, ки прокуратура дар тӯй ҳисоб кардааст, ҳамагӣ 143 нафарашон меҳмонони даъватшудаи мо, 47 кас аксҳои такроршавандаи ҳамон як одамон, 19 нафар шахсони аз ҷониби мо даъватнашуда, 13 нафар кормандони хизматрасони тарабхона, 7 нафар афроди шубҳанок ва 9 нафар кормандони Агентии зиддифасод мебошанд, ки онҳо низ паловхӯрӣ карданд, гӯё, ки меҳмони мо бошанд ва худро дар аксҳо ҳисоб кардаанд, вале ман онҳоро даъват накарда будам», – навиштааст Назарзода.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...