Мақоми 5-уми Дилшод Назаров дар феҳристи байнулмилалии гурзандозон

Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук доир ба шарикии махсус бо Elite Ltd (All-Athletics) барои таъсиси Рейтинги расмии ҷаҳонии ИААФ (IAAF World Rankings) хабар дод, ки минбаъд зимни интихоби варзишгарон ба мусобиқаҳои бузурги байнулмилалӣ ба инобат гирифта мешавад. Чанде пеш сомонаи all-athletics.com рейтинги беҳтарин намояндагони варзиши сабуки ҷаҳонро ба нашр расонид. Мувофиқи он, варзишгари тоҷик, қаҳрамони […]

Asia-Plus

Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук доир ба шарикии махсус бо Elite Ltd (All-Athletics) барои таъсиси Рейтинги расмии ҷаҳонии ИААФ (IAAF World Rankings) хабар дод, ки минбаъд зимни интихоби варзишгарон ба мусобиқаҳои бузурги байнулмилалӣ ба инобат гирифта мешавад.

Чанде пеш сомонаи all-athletics.com рейтинги беҳтарин намояндагони варзиши сабуки ҷаҳонро ба нашр расонид. Мувофиқи он, варзишгари тоҷик, қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабуки ИААФ миёни гурзандозон мақоми 5-умро ишғол мекунад.

Дар зинаи аввали рейтинг Павел Файдек – 1362 имтиёз, зинаи дуюм Войсех Новитский – 1288 имтиёз (ҳарду аз Лаҳистон), ҷойи сеюм Квентин Бигот – 1256 имтиёз (Фаронса) ва мақоми чорум Валерий Пронкин – 1249 имтиёз (Русия) қарор гирифтаанд.

Аз дастовардҳои Дилшод Назаров, ки дар ин раддабандӣ ба назар гирифта мешаванд, медали тиллои Бозиҳои олимпӣ, медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали тиллои Бозиҳои Осиё ва Чемпионатҳои Осиё, медали нуқраи Чемпионати Осиё ва медали нуқраи Ҷоми Осиё ба ҳисоб гирифта шудааст.

Рекорди шахсии Дилшод Назаров – 80.71 метр мебошад, ки ба ин нишондиҳанда дар шаҳри Халл (Олмон) моҳи майи соли 2013 ноил гардида буд.

Дар мавсими имсола натиҷаи беҳтарини ӯ – 77.81 метр моҳи июн дар мусобиқаи Острава (Чехия) мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.