Намоиши Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол бори нахуст дар Душанбе

Дар доираи баргузории аксияи «Трофи Тур» санаи 5 феврали соли 2018 бори нахуст дар таърих Ҷоми Чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол ба шаҳри Душанбе оварда мешавад. Дар пойтахти Тоҷикистон ҷом ба маърази тамошои умум гузошта, хоҳишмандон онро тамошо ва бо он аксбардорӣ карда метавонанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба муносибати ба […]

Дар доираи баргузории аксияи «Трофи Тур» санаи 5 феврали соли 2018 бори нахуст дар таърих Ҷоми Чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол ба шаҳри Душанбе оварда мешавад.

Дар пойтахти Тоҷикистон ҷом ба маърази тамошои умум гузошта, хоҳишмандон онро тамошо ва бо он аксбардорӣ карда метавонанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба муносибати ба шаҳри Душанбе овардани ин ҷоиза барномаи шавқовари фароғатӣ таҳия мешавад.

Қобили зикр аст, ки санаи 9 сентябр марҳилаи нави Ҷоми чемпионати ҷаҳони Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) оғоз гардид, ки бо дастгирии ширкати Coca-Cola роҳандозӣ шудааст. То моҳи декабри соли 2017 самти хатсайри Ҷом аз шаҳрҳои Русия иборат буда, сипас ба саёҳати 50 кишвари ҷаҳон мебарояд ва моҳи майи соли 2016 ба Русия бармегардад. Тобистони соли оянда дар Русия Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 баргузор мешавад.

Ҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ФИФА ҷоизаи асосие мебошад, ки ба ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон супурда шуда, вале дар ихтиёри ФИФА боқӣ мемонад. Он аз тиллои холис сохта шуда, 6,175 кило вазн дорад ва ду ҷисми инсонро, ки кураи заминро рӯи дастонашон бардоштаанд, таҷассум менамояд. Бо ин намуд Ҷом аз соли 1974 вуҷуд дорад.

Мутобиқи қоидаҳои ФИФА, ба Ҷоми расмӣ танҳо ғолибон ва сарони кишварҳо даст расонида метавонанд, ҷоми расмӣ бошад, ба ҳеҷ касе барои абадан нигаҳдорӣ дода намешавад. Аз ин рӯ, дастаи мунтахаби кишвари ғолиби мусобиқа ба ивази он Ҷоми ғолибони чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ФИФА-ро мегирад.

Марҳилаи саёҳати Ҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба футболи Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) ба эстафетаи алангаи олимпӣ пеш аз Бозиҳои олимпӣ монанд аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.