Тоҷикистону АМА Бунёди муштараки сармоягузорӣ таъсис доданианд

Дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаласаи сеюми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор – раиси Кумита ва ҳайати АМА-ро Муҳаммад Шараф Ал Саид – […]

Хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаласаи сеюми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор – раиси Кумита ва ҳайати АМА-ро Муҳаммад Шараф Ал Саид – муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ин кишвар Араб раисӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар рафти ҷаласа масъалаи вусъат додани ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ, молия, бонкдорӣ, амнияту бехатарӣ, нақлиёт ва инфрасохтор, кумаки башардӯстона, энергетика, кишоварзӣ, маориф, сайёҳӣ, фарҳанг ва ғайраҳо мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифта,ҳамзамон масъалаи ташкили Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои соҳибкории Тоҷикистону АМА мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, аз натиҷаи баргузории ҷаласа Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ байни ҶТ ва АМА ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва АМА ба имзо расонида шуд.

Қайд мешавад, ки дар ҳошияи чорабинии ҷаласаи Комиссияи муштарак инчунин мулоқоти раиси Кумита Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо муовини роҳбари Фонди Абузабӣ оид ба рушд Халифа ал Кубайсӣ доир гардид, ки дар он масоили ҳамкории минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷониби роҳбарияти Кумита хоҳиш карда шуд, ки раванди тасдиқи маблағгузории Фонди Абузабӣ оид ба рушд дар лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – ҚалъаиХумб қитъаҳои А ва F тезонида шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин  бо иштироки зиёда аз  30 соҳибкор аз Тоҷикистон ва 40 нафар соҳибкори Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин ҳайати Палатаи савдо ва саноати шаҳри Абузабӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор карда шуд. Дар рафти форум фазо ва имкониятҳо барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб муаррифӣ карда шуд.

Дар фарҷом изҳори итминон мешавад, ки дар натиҷаи муҳокимаҳои мутақобила ва мувофиқаҳои ҳосилшуда ҳамкориҳои байни соҳибкорони ду кишвар густариш ёфта, ширкатҳои бузурги Амороти Муттаҳидаи Араб ҳаҷми сармоягузориҳоро ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон зиёд хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.