Манбаъ: изҳороти Мирсадов доир ба пора ба муқобили худаш нигаронида шуд

Мақомоти прокуратура тасдиқи изҳороти Мирсаидовро наёфта, акнун бо ин сабаб нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Изҳороти роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов роҷеъ ба талаб кардани пора аз ӯ аз ҷониби сардори Раёсати Кумитаи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода муқобили худаш нигаронида шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти прокуратура тасдиқи изҳороти Мирсаидовро наёфта, акнун бо ин сабаб нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Изҳороти роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов роҷеъ ба талаб кардани пора аз ӯ аз ҷониби сардори Раёсати Кумитаи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода муқобили худаш нигаронида шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар ҷараёни тафтишоти дақиқ гуфтаҳои Мирсаидов тасдиқи худро наёфтааст.

«Изҳороти худро бобати аз ӯ талаб шудани пора Мирсаидов исбот карда натавонист ва акнун нисбати худи ӯ мутобиқи моддаи 346, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд», – гуфт манбаъ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ намуд.

Роҳбари тими КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидо санаи 5 декабр боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.

Бино ба гуфтаи Аскар Турсунов, адвокати ӯ, Мирсаидов аз шароити нигаҳдорӣ ва вазъи саломатиаш арзу шикоят надорад.

Дар ҳамин ҳол, адвокат дар бораи ифшо накардани маълумоти марбут ба тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Мирсаидов баёнот навиштааст.

Ёдрас мекунем, ки нисбати Хайрулло Мирсаидов рӯзи 8 декабр бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Суд нисбати ӯ доир ба чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан қарор содир намуда, корҳои тафтишотиро шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилоят анҷом медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.