Задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон ва мусодираи 17 кило героин

Date:

Дар натиҷаи амалиёти муштараки хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷоб” аз интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳсои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, қочоқбарони номаълуми афғон иборат аз 7-8 нафар бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба амал омадааст.

«Қочоқбарон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста, бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон паноҳ бурданд», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, зиёда аз 17 кило маводи сахтаъсири героин, 11 кило маводи мухадири навъи ҳашиш ва  10 кило афъюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...