Восеъ: Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели заҳролудшавии як оила аз ҳасиб

Date:

Аз рӯи далели заҳролудшавӣ аз ҳасиб дар ноҳияи Восеъ, ки бар асари он Умаралӣ Давлатови 2-сола ҳалок шуд, дар мақомоти прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 декабр шаш тан аз аъзои як оила – модару кӯдакон, сокинони деҳаи Кадучии ҷамоати М.Вайсов аз истеъмоли ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролуд шуданд. Кӯдак дар беморхона ҳалок шуд.

«Онҳо гуфтанд, ки ҳасибро дар яке аз мағозаҳои деҳа гирифта, дар роҳ сӯи хона онро истеъмол кардаанд ва аз ҳама бештар Умаралии хурдсол онро хӯрдааст», – иброз намуд ба «Азия-Плюс» дар ин робита табиби шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳия Йигиталӣ Аскаров.

Ба гуфтаи табиб, санҷиш дар маркази санитариву эпидемиологӣ нишон додааст, ки ҳасиб дар ҶДММ «Орзу шаҳри Кӯлоб истеҳсол шуда, мутахассисон ошкор кардаанд, ки дар таркиби маҳсулот меъёри нитрат хел зиёд аст. Нитрат барои коркарди кимиёвии ҳасиб истифода мешавад.

Панҷ рӯз пеш ҳодисаи ба ин монанд бо як оилае дар Кӯлоб низ рух дода, тибқи маълумоти пешакӣ, чор тан аз аъзои як оила аз истеъмоли ҳасиб заҳролуд шудаанд. Ҳеҷ касе аз онҳо ҷиддӣ осеб надидааст, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз прокуратураи шаҳри Кӯлоб. Аз рӯи ин далел низ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, санҷиш ҷараён дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...