Сарвари давлат ба эълони 2 сол моратория ба санҷиши соҳибкорон дастур дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба фаъолияти соҳибкорон дар соҳаҳои истеҳсолӣ давоми ду соли оянда моратория (қатъи муваққатии санҷиш) эълон шавад. Зимни суханронӣ дар маросими ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон Эмомалӣ Раҳмон аз санҷишҳои беасос ва такрории фаъолияти соҳибкорон, ки ба ақидаи ӯ, ба рушди тиҷорат дар ҷумҳурӣ монеа эҷод мекунанд, нигаронӣ изҳор […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба фаъолияти соҳибкорон дар соҳаҳои истеҳсолӣ давоми ду соли оянда моратория (қатъи муваққатии санҷиш) эълон шавад.

Зимни суханронӣ дар маросими ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон Эмомалӣ Раҳмон аз санҷишҳои беасос ва такрории фаъолияти соҳибкорон, ки ба ақидаи ӯ, ба рушди тиҷорат дар ҷумҳурӣ монеа эҷод мекунанд, нигаронӣ изҳор намуд.

Сарвари давлат қайд кард, ки айни замон фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ аз ҷониби 78 мақомоти назоратӣ, иҷозатномадиҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор мегирад.

Бино ба гуфтаи ӯ, тӯли 2 моҳи соли равон ба ҳар як шахси ҳуқуқии амалкунанда дар Тоҷикистон 5 санҷиш рост омадааст.

Дар ин робита президенти мамлакат «ҷиҳати бартараф кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолӣ», дастур дод, ки ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Агентии зиддифасод ва Бонки миллӣ,  муддати ду соли оянда ба дигар санҷишҳо моратория эълон карда шавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Дар Тоҷикистон аз 22 то 24 апрел дар як қатор минтақаҳо боришот, баъзан боришоти пуршиддат пешгӯӣ шудааст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.