Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба бозорамон заҳр ворид мекунем»

Дар бозори мо 90%-и маҳсулоти гӯштӣ ба меъёрҳои санитарӣ мувофиқ нестанд, гуфт президент ва аз мансабдорон пурсид: кӣ ба марги кӯдаки аз ҳасиб заҳролудшуда ҷавоб мегӯяд? «Кӣ ба марги кӯдаки аз ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролудшуда ҷавоб мегӯяд? Мувофиқи натиҷаи санҷишҳо, сабабаш он аст, ки 90 фоизи маҳсулоти гӯштӣ ба қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои қабулшуда ҷавобгӯ […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар бозори мо 90%-и маҳсулоти гӯштӣ ба меъёрҳои санитарӣ мувофиқ нестанд, гуфт президент ва аз мансабдорон пурсид: кӣ ба марги кӯдаки аз ҳасиб заҳролудшуда ҷавоб мегӯяд?

«Кӣ ба марги кӯдаки аз ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролудшуда ҷавоб мегӯяд? Мувофиқи натиҷаи санҷишҳо, сабабаш он аст, ки 90 фоизи маҳсулоти гӯштӣ ба қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои қабулшуда ҷавобгӯ нестанд», – изҳор дошт Президент зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумони кишвар.

Ба гуфтаи Президенти мамлакат, ҳамсола аз даҳҳо кишвари африқоӣ то 40 тонна гӯшти мурғ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.

«Кӣ муҳлату сифати ин гӯштро месанҷад? Доир ба содироти мева ба дигар кишварҳо моро лозим меояд, ки дар сатҳи ҳукумат гуфтушунид кунем, вале дар мавриди воридот бошад, мо ба бозорамон заҳр ворид мекунем. Бархе аз соҳибкорони беинсоф аз ҳама гӯшаву канори дунё бо нархҳои хеле ночизу паст маҳсулоти зараровар ворид намуда, онро ба шаҳрвандон мефурӯшанд», – таъкид дошт президент.

Зимнан Сарвари давлат зикр кард, ки беш аз 5 ҳазор кормандони давлатӣ, аз ҷумла зиёда аз 1 ҳазору 100 нафар кормандони сохтори гумрук ва 3 ҳазор нафар кормандони хадамоти байториву агентии «Тоҷикстандарт» ба санҷиши бехатарии маҳсулот машғуланд.

«Аммо танҳо баъди эроди Сарвари давлт онҳо тариқи телевизион намоишкорона доир ба ошкор кардани чунин далелҳо хабар медиҳанд. Аз ин ҷо саволе ба миён меояд: кӣ аввал ба воридоти ин маҳсулот ба ҷумҳурӣ иҷоза дод? Албатта, худашон», – гуфт президент.

Дар ин робита ба ҳукумат дастур дода шуд, ки оид ба масъалаи такмили сохтори идоракунии хадамоту идораҳои санитарӣ, стандартикунонӣ, сертификатсия ва байторӣ тадбирҳо андешад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.