Нигаронии Президент аз афзоиши коррупсия байни мансабдорон

Зимни суханронӣ дар ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони сохторҳои давлатӣ нигаронӣ изҳор намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Паём зикр гардид, ки соли 2017 аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ […]

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони сохторҳои давлатӣ нигаронӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Паём зикр гардид, ки соли 2017 аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба соли 2016 зиёд шудааст.

Аз ҷумла президент зиёд шудани чунин ҷиноятҳоро миёни кормандони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, кор бо ҷавонон ва варзиш, судҳо ва бонкҳо зикр кард.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тамоюли зиёдшавӣ дошта, дар муқоиса ба соли 2016-ум 25 фоиз афзудааст.

Дар ин робита ба роҳбарони вазорату идораҳо, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллӣ дастур дода шуд, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро танҳо тавассути озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷӯӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.