Иброҳим Усмонов: Ҳизби демократ мухолиф набуда, як ҷиноҳи ҲХДТ аст

Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, санаи 23 декабр дар меҳмонхонаи «Гранд отел»-и пойтахт анҷумани навбатии 14-уми Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) доир мегардад. Ба гуфтаи журналист ва ва ходими ҷамъиятии маъруф Иброҳим Усмонов, ҲДТ аз замони таъсисёбиаш ҳамаи арзишҳои зиддикоммунистиро дар худ ҷамъ кард. «Аввали солҳои 90-ум демократҳои тоҷик натанҳо демократ буданд, дар онҳо хусусиятҳои сотсиалисту либерал […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, санаи 23 декабр дар меҳмонхонаи «Гранд отел»-и пойтахт анҷумани навбатии 14-уми Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) доир мегардад.

Ба гуфтаи журналист ва ва ходими ҷамъиятии маъруф Иброҳим Усмонов, ҲДТ аз замони таъсисёбиаш ҳамаи арзишҳои зиддикоммунистиро дар худ ҷамъ кард.

«Аввали солҳои 90-ум демократҳои тоҷик натанҳо демократ буданд, дар онҳо хусусиятҳои сотсиалисту либерал ва муҳофизакорон (консерваторҳо)-ро низ дидан мумкин буд, – иброз дошт ӯ.

Усмонов мегӯяд, платформаи имрӯзаи Ҳизби демократ ба платформаи Ҳизби ҳокими халқи демократии Тоҷикистон наздик буда,  «демократҳои тоҷик мухолифи ҳукумати вақт нестанд, балки бештар онҳоро як ҷиноҳи ҲХДТ метавон гуфт».

Номбурда мутмаин аст, ки агар дар анҷуман пешвои амалкунандаи ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов иваз карда шавад, ояндаи наздик ҳизб фаъолияташро қатъ мекунад.

«Имрӯз дар парлумони Тоҷикистон ҲДТ-ро як вакил – раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов намояндагӣ мекунад ва агар раҳбарияти ҳизб то соли 2010 сиёсати ҳозираашро боқӣ гузорад, дар интихоботи парлумони соли 2020 метавонад ба роҳёбии 2-3 нафар намояндагонаш ба курсии парлумонӣ имкон пайдо кунад», – чунин мешуморад ӯ.

Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, раиси аввали он Шодмон Юсуф буд, ки феълан дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия зиндагӣ мекунад. Баъди имзои Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳизбро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба роҳбарӣ гирифт.

Охири соли 2006 пас аз ба муҳлати 23 соли зиндон маҳкум шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро раиси нави ҲДТ эътироф кард. Ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Саидҷаъфар Исмонов ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ роҳбарӣ мекарданд.

Дар анҷумани ғайринавбатии ҲДТ моҳи декабри соли 2012 Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд. Он замон ба ин вазифа Саидҷаъфар Исмонов ва Равшанбек Аҳмедов довталабӣ мекарданд. Аксари вакилон (85 нафар) номзадии Исмоновро пазируфтанд. Мамлакат Ҷайчиева, раиси кумитаи тадорукоти анҷуман аз иштирок дар интихоби раиси нави ҲДТ даст кашид.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.