Навалний номзадиашро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард

Сиёсатмадори мухолифи рус Алексей Навалний шаби якшанбе ҳамроҳ бо ҷонибдорони худ ба Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар (КМИР) омада, барои сабти номзадияш ба мақоми президентӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ пеш аз вуруд ба бинои КМИР гуфт, "наметавонанд моро сабти ном накунанд. Зеро интихоботи бидуни […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сиёсатмадори мухолифи рус Алексей Навалний шаби якшанбе ҳамроҳ бо ҷонибдорони худ ба Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар (КМИР) омада, барои сабти номзадияш ба мақоми президентӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ пеш аз вуруд ба бинои КМИР гуфт, "наметавонанд моро сабти ном накунанд. Зеро интихоботи бидуни мо интихобот нест". КМИР рӯзи якшанбе ба далели бисёр будани номзадҳо соати корияшро дароз кард.

Гуфта мешавад, Навалний изҳори боварӣ кард, ки номзадии ӯро сабти ном хоҳанд кард. Дар КМИР гуфтанд, ки то Соли нав дар ин бора посух хоҳанд дод.

Номзадии Навалнийро ба мақоми президентии Русия рӯзи 24 декабр як қатор гурӯҳҳои ташаббускор дар шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Москва ва Петербург пешниҳод карда буданд.

Мухолифи рус пештар дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, агар номзадии ӯро ба қайд нагиранд, тамоми зерсохторе, ки тайи як соли маъракаҳои таблиғотияш омода кардааст, ба таҳрими интихобот равона хоҳанд шуд.

Алексей Навалний 24 декабр ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандаҳо дар шаҳри Москва изҳор дошт, ки барои пирӯзӣ дар интихобот, тағйири қудрат ва ташкили ҳукумати нав дар Русия талош хоҳад кард.

Навалний ба интихобкунандаҳо гуфт, агар президенти кунунии Русия Владимир Путин бори дигар пирӯз шавад, кишвараш 6 соли дигарро аз даст хоҳад дод. "Шумо, Владимир Путин кишвари моро ба манбаи даромади худу хонавода ва дӯстонатон табдил додаед. Бинобар ин, дигар набояд президент шавед", – афзуд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.