Назарбоев номгузории кӯчаро ба ифтихори худаш шарҳ дод

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев табдили номи кӯчаи Фурманов дар Алмааторо ба ифтихори худаш шарҳ дод, хабар медиҳад Tengrinews.kz. Порчае аз мусоҳиба бо намояндагони васоити ахбори умуми ватанӣ дар Facebook гузошта шуд. «Чанде қабл ба ман мактубе расид, ки дар он гуфта мешавад, чун Назарбоев пойтахтро бунёд кард, пас дигар ба ӯ муҷассамаҳои сангӣ лозим нестанд. […]

Asia-Plus

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев табдили номи кӯчаи Фурманов дар Алмааторо ба ифтихори худаш шарҳ дод, хабар медиҳад Tengrinews.kz. Порчае аз мусоҳиба бо намояндагони васоити ахбори умуми ватанӣ дар Facebook гузошта шуд.

«Чанде қабл ба ман мактубе расид, ки дар он гуфта мешавад, чун Назарбоев пойтахтро бунёд кард, пас дигар ба ӯ муҷассамаҳои сангӣ лозим нестанд. Ман комилан ҳамфикри ӯ мебошам», – қайд кард президенти Қазоқистон.

«Ман ҳамеша мухолифи ин кор ҳастам. Номгузории ягонаро ман ба донишгоҳ розӣ шудам (донишгоҳи Назарбоев), то ки ҳама дастгирӣ кунанд, ҳам ҳукумат ва ҳам кишвар. Ин муасисаи таълимии хеле пешрафта аст, ки барои дигар донишгоҳҳо намунаи ибрат мебошад».

«Дигар ҳама қарорҳои ҳукумати маҳаллӣ аст. Албатта, ман метавонам бо фармони худ ин корро манъ кунам. Ман ҳозир ба ҳамаи қазоқистониҳо мегӯям, ки ин кор лозим нест. Дар таърих бо хизмату амалҳо хуб боқӣ мондан даркор аст. На бо ҳаёти дарозмуҳлату кадом як муҷассама».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.