Муаррифии имконоти пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон дар Куала-Лумпур

Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо ниҳоди минтақавии бахши хусусии Бонки рушди исломӣ (БИР) дар Малайзия ва Корпоратсия оид ба рушди тиҷорати байналмилалии Малайзия (MATRADE) дар шаҳри Куала Лумпур таҳти унвони “Муколамаи тиҷорӣ: Бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон” бизнес-семинар баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори семинар муовини директори […]

Asia-Plus

Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо ниҳоди минтақавии бахши хусусии Бонки рушди исломӣ (БИР) дар Малайзия ва Корпоратсия оид ба рушди тиҷорати байналмилалии Малайзия (MATRADE) дар шаҳри Куала Лумпур таҳти унвони “Муколамаи тиҷорӣ: Бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон” бизнес-семинар баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори семинар муовини директори иҷроияи Корпоратсия оид ба рушди тиҷорати байналмилалии Малайзия хонум Шаримаҳтон Мат Солеҳ, Директори минтақавии бахши хусусии БИР ҷаноби Аҳмад Абдул Халид ва сафири Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ иштирок карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар мавриди муносибатҳои Тоҷикистон ва Малайзия, доир ба дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар самтҳои иқтисод, тиҷорат, имтиёзҳо ҷиҳати соҳибкорӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон машварат оростанд.

Инчунин коршиносони Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ш. Сӯфиев, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Кенҷаев ва Муовини директори Департаменти Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ ва Африкаи Вазорати савдои байналмилалӣ ва саноати Малайзия С. Шариф  муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Малайзия, имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Зикр мегардад, ки дар семинар намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия ва  намояндагони ширкатҳои бонуфуз, соҳибкорони маҳаллӣ ва теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷикистонӣ ширкат варзиданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.