Баёноти ронандаи автобусе, ки дар Маскав пиёдагардонро пахш кард

Date:

Дар шаҳри Маскав автобуси мусофирбар аз роҳ баромада, анбӯҳи пиёдагардонеро пахш кард, ки дар даромадгоҳи гузаргоҳи зеризаминӣ қарор доштанд. Дар натиҷа чаҳор одам ба ҳалокат расида, 11 тани дигар осеб дидаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳодиса дар хиёбони Кутузовский, дар наздикии истгоҳи метрои "Славянский булвар" рух дод. Ронандаи автобус, ки боздошт шуд, ҳангоми бозпурсӣ гуфт, рӯзи душанбе бори нахуст пушти фармони ин нақлиёти ҷамъиятӣ нишаста будааст.

"Вақте тормози дастиро поин овардам, автобус ба ҳаракат даромад. Тамоми талошамро кардам, то бозистад, вале наистод. Низоми ҳаракати автобус худкор аст ва бинобар ин, чизе карда натавонистам", – иқтибос овардааст сомонаи Life аз суханони ронанда.

Пулис ду фарзияи ҳодиса – набаромадан аз уҳдаи идораи нақлиёт ва мушкили техникӣ доштани автобусро таҳқиқ дорад. Масъулони ширкати давлатии "Мострансавто" мегӯянд, автобус соли 2017 мавриди истифода қарор гирифта, пеш аз ҳаракат дар масир тармим шуда буд. Ба гуфтаи онҳо, ронанда таҷрибаи 30-солаи корӣ дошта, аз соли 2000 ба ин сӯ дар ширкат кор мекунад.

Дар шаҳри Москва баъди ҳодисаи маргбори мазкур санҷиши тамоми автобусҳои мусофирбар шуруъ шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...