Гумонбарии 2 афсари милитсияи тоҷик ба порагирӣ

Ду афсари милитсия, кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод ба гумони порагирӣ боздошт шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, ба ин гумон сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Турсунзода майори милитсия Қамариддин Орифзода ва нозири минтақавии маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода капитани милитсия Акбар Ҷонбобоев дастгир шудаанд, […]

Asia-Plus

Ду афсари милитсия, кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод ба гумони порагирӣ боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, ба ин гумон сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Турсунзода майори милитсия Қамариддин Орифзода ва нозири минтақавии маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода капитани милитсия Акбар Ҷонбобоев дастгир шудаанд, ки аз шаҳрванд «А» ба ивази аз масъулият озод кардани бародараш 8 ҳазор сомонӣ пора талаб кардаанд.

«Баъди гирифтани 4 ҳазор сомонӣ аз маблағи талабнамудаашон, бародари шаҳрванд “А”-ро аз тавқифгоҳи муваққатии нигаҳдории шуъба озод карда, боз овардани маблағи 2 ҳазор сомонии дигарро талаб намуданд», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад,  кормандони Агентӣ Орифзодаро дарҳол баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 2 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Қамариддин Орифзода ва Акбар Ҷонбобоев бо моддаи 319 қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.