Соли нав аз 5 нуқтаи Душанбе мушакафканӣ мешавад

Дар пойтахти Тоҷикистон шаби Соли нав бори нахуст аз 5 нуқта мушакафаканӣ сурат мегирад. Мушакафкании 4-дақиқаина шаби 31 декабр баъди чорабинии идона, ки аз соати 19:00 то 22:00 доир мегардад, баргузор мешавад. «5 нуқтаи интихобшуда дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт – Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва маркази шаҳри Душанбе, назди арчаи асосӣ ҷойгир шудааст», – […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар пойтахти Тоҷикистон шаби Соли нав бори нахуст аз 5 нуқта мушакафаканӣ сурат мегирад.

Мушакафкании 4-дақиқаина шаби 31 декабр баъди чорабинии идона, ки аз соати 19:00 то 22:00 доир мегардад, баргузор мешавад.

«5 нуқтаи интихобшуда дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт – Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва маркази шаҳри Душанбе, назди арчаи асосӣ ҷойгир шудааст», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Шоҳмансур мушакафканӣ (салют) дар майдони «800-солагии Маскав», назди Театри опера ва балет; ноҳияи Исмоили Сомонӣ – дар «Боғи Айнӣ»; ноҳияи Сино – назди Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ; ноҳияи Фирдавсӣ – назди Сирк ва маркази Душанбе – дар миайдони «Дӯстӣ» доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳамчунин имсол бори нахуст арчаи солинавӣ дар шаҳри Душанбе се ҳафта пеш аз фарорасии он қомат афрохт. Баландии арчаи соли навии пойтахт 25 метр ва масоҳаташ – 12,5 метрро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.