Сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе меояд

Date:

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сафари дурӯзаи корӣ (10-11январ) ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Зимни сафари сарвазири Ӯзбекистон дидору гуфтушунидҳои ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар назар аст.

Зимни дидору гуфтушунидҳои ӯ бо шахсони расмии Тоҷикистон масъалаҳои омодагии сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, ки аввали фасли баҳор дар назар аст, баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, дар ҷараёни сафари Орипов ба Душанбе атрофи масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, суръат бахшидан ба ҳаллу фасли масъалаи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳснок дар сарҳади давлатии кишварҳо табодули назар сурат хоҳад гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related