Иҷозаи вуруди занҳои аз 25-сола боло ба Арабистони Саудӣ бидуни роҳбаладии мардон

Мақомоти Арабистони Саудӣ додани раводид (виза)-ро ба занҳои аз 25-сола боло, ки бидуни раҳбаладии мардҳо ба ин кишвар меоянд, оғоз мекунанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи "ArabNews", интизор меравад, иҷрои қоидаи нав дар семоҳаи аввали соли 2018 шурӯъ шавад. Раводиди якдафъа ба муддати як моҳ пешниҳод мешавад. Қаблан […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Арабистони Саудӣ додани раводид (виза)-ро ба занҳои аз 25-сола боло, ки бидуни раҳбаладии мардҳо ба ин кишвар меоянд, оғоз мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи "ArabNews", интизор меравад, иҷрои қоидаи нав дар семоҳаи аввали соли 2018 шурӯъ шавад. Раводиди якдафъа ба муддати як моҳ пешниҳод мешавад. Қаблан занҳои ҷавон ҳақ надоштанд бе раҳбаладии шавҳар ё бародар ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд.

Гуфта мешавад, комисияи сайёҳии Арабистони Саудӣ мегӯяд, мақомот қоидаи навро ба хотири боло бурдани ҷаззобияти кишвар дар байни ҷаҳонгардон ҷорӣ мекунанд.

Чанд моҳ боз дар Арабистони Саудӣ бо ибтикори шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон ислоҳот ҷараён дорад. Моҳи октябр занҳо аз ҳаққи ронандагӣ ва гаштугузор дар маконҳои ҷамъиятӣ бархӯрдор шуданд. Баргузории намоишҳои консертӣ ва тафреҳӣ дар кишвар низ имконпазир шуд. Авохири соли гузашта хабар расид, ки баъд аз танаффуси 35-сола дари кинотеатрҳо ба рӯи тамошобинон боз мешавад.

Мақомоти Саудӣ мехоҳанд бо истифода аз бартариҳои дигари иқтисодӣ вобастагии кишварро ба нафт коҳиш диҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат