Кумитаи ҷавонон: Истеъфои Зоҳидзода аз мансаб ба қазияи Мирсаидов рабт надорад

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода аз мансаби ишғолкардааш бо хоҳиши худаш истеъфо додааст. Зимни нишасти хабарӣ Раиси Кумитати ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Аҳтам Абдулозода дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки аз вазифа озод шудани ӯ ба қазияи журналист ва роҳбари дастаи КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов ҳеҷ рабте надорад. […]

Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода аз мансаби ишғолкардааш бо хоҳиши худаш истеъфо додааст.

Зимни нишасти хабарӣ Раиси Кумитати ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Аҳтам Абдулозода дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки аз вазифа озод шудани ӯ ба қазияи журналист ва роҳбари дастаи КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов ҳеҷ рабте надорад.

Дар бораи аз вазифааш рафтани Олим Зоҳидзода рӯзи 7 феврал ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати кор бо ҷавон ва варзиши вилояти Суғд хабар дода, вале сабаби аз мансаб истеъфо додани ӯро шарҳ надод.

Номи Зоҳид Олимзода дар робита ба қазияи Хайрулло Мирсаидов, роҳбари дастаи КВН Тоҷикистон расонаӣ шуд: журналисте ҳабсшуда маҳз ӯро дар дурӯғгӯӣ ва ришваситонӣ айбдор кард буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябр Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) бори дигар аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро аз маҳбас озод кунанд.

Ҳафтаи гузашта бо дархости прокурор «бо мақсади тафтиши пурра ва воқеъбинонаи парванда», муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар дароз шуд.

Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.