Мусодираи беш аз 250 кило маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар 1 моҳ

Моҳи феврал дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон се задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, беш аз 250 кило маводи мухаддир мусодира шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, аввали моҳ сарҳадбонон дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсия шаҳрванди 43-солаи Афғонистон Аҳмад Абдул Фуруқро дастгир намуда, аз ӯ ба миқдори 70 кило маводи нашъадори […]

Asia-Plus

Моҳи феврал дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон се задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, беш аз 250 кило маводи мухаддир мусодира шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, аввали моҳ сарҳадбонон дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсия шаҳрванди 43-солаи Афғонистон Аҳмад Абдул Фуруқро дастгир намуда, аз ӯ ба миқдори 70 кило маводи нашъадори навъи ҳашиш ва чарс  ёфт ва мусодира карданд.

Ҳамчунин зимни амалиёти муштараки марзбонон бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 5 феврал дар дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқад»-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» аз қочоқбарони афғон 34,5 кило афюн, наздики 5 кило “ҳашиш” ва 8 кило  “бангдона” дарёфт ва мусодира шуд.

«Дар вақти гузаронидани амалиёт байни хизматчиёни ҳарбӣ ва қочоқчиёни маводи нашъаовар зудухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омада, қочоқчиён аз ҷои ҳодиса ба самти Афғонистон фирор карданд», – хабар дод манбаъ.

Қайд шуд, ки дар қитъаи «Панҷоб»-и отряди сарҳадии мазкур шоми ҳамон рӯз бо қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.

«Қочоқбарони афғон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста, ба Афғонистон фирор намуданд ва дар ҷойи ҳодиса маводи нашъадори  “ҳашиш” – 54 кг 165 гр,  “афюн” – 26 кг 590 гр,  тирдон – 2 адад бо тирҳои қутраш 7,62 дарёфт ва мусодира шуд», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми задухӯрди мусаллаҳонаи санаи 8 феврал дар дидбонгоҳи «Сомон»-и отряди сарҳадии «Панҷ» аз ҷои ҳодиса маводи мухаддири ҳашиш – 24 кг, як адад яроки оташфишони тамғаи М-16 истеҳсоли амрикоӣ бо як адад тирдон ва тирҳояш дарёфт ва мусодира карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.