Тарҷумаи китоби нави Темур Зулфиқоров ба забони тоҷикӣ

Маҳфили эҷодии Темур Зулфиқоров, нависандаи барҷастаи русзабони тоҷик таҳти унвони «Миндаль в снегу» (Бодом дар барф) рӯзи 24 феврал дар Театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе доир мегардад. Дар маҳфил китоби нави адиб бо забони тоҷикӣ «Чойхонаи лаби ҷар» муааррифӣ мешавад. Шоми эҷодии шоиру нависандаи тоҷику рус Темур Зулфиқоров шоми рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта дар […]

Asia-Plus

Маҳфили эҷодии Темур Зулфиқоров, нависандаи барҷастаи русзабони тоҷик таҳти унвони «Миндаль в снегу» (Бодом дар барф) рӯзи 24 феврал дар Театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе доир мегардад. Дар маҳфил китоби нави адиб бо забони тоҷикӣ «Чойхонаи лаби ҷар» муааррифӣ мешавад.

Шоми эҷодии шоиру нависандаи тоҷику рус Темур Зулфиқоров шоми рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта дар Театри ба номи Лоҳутӣ баргузор мешавад. Дар чорабинӣ шеъру тарона ва ҳикояҳои тамсилии нави адиб манзур мегардад.

Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи хатмкардаи Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкий аст.

Шоир, нависанда ва драматурги  тоҷик Темур Зулфиқоровро дар Ғарб “Дантеи адабиёти рус” меноманд ва асарҳояш ба даҳҳо забони олам тарҷума шудааст. Муаллифи бештар аз 20 асари назмиву  насрӣ буда, теъдоди нашри китобҳояшро аз 1 миллион нусха бештар арзёбӣ мекунанд.

Темур Зулфиқоров муддати тӯлонӣ дар шаҳри Маскав кору иқомат дошт. Айни замон ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.