Фестивали фарҳангию сайёҳӣ бори нахуст дар Душанбе

Date:

Дар Душанбе бори нахуст таҳти унвони  “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” фестивали фарҳангию сайёҳии Наврӯзи байналмилалӣ  баргузор мешавад.

Фестивал бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ санаи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки  аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баргузор мегардад.

Дар фестивали мазкур ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун симои (бренди) сайёҳии Тоҷикистон ба доираи васеи сайёҳон, ки дар арафаи Наврӯз ба Тоҷикистон ташриф меоранд, муаррифӣ карда шуда, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишварро ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо мегузоранд ва барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Ин ба як механизми доимии ҷалби сайёҳони хориҷӣ табдил дода шавад.

Боиси қайд аст, ки барои муаррифии Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ корҳои муайян анҷом дода шуда, дар назар аст, ки имсол гуруҳҳои сайёҳон ба таҷлили ҷашни Наврӯз ба ҷумҳурии мо сафар мекунанд.

Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи чомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари халқи тоҷик мебошад.

Аз сӯи дигар Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳиси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани симои мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...