ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон бо сомонӣ зиёду бо доллар кам шуд

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ соли охир 651 сомонӣ зиёд шуда, айни замон ба ҳар кадоме аз аҳолии кишвар 6 ҳазору 840 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2017 ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 61 млрд. 93 млн. 600 ҳазор сомониро ташкил дода, аввали соли равон шумори аҳолии ҷумҳурӣ ба 8 млн. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ соли охир 651 сомонӣ зиёд шуда, айни замон ба ҳар кадоме аз аҳолии кишвар 6 ҳазору 840 сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2017 ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 61 млрд. 93 млн. 600 ҳазор сомониро ташкил дода, аввали соли равон шумори аҳолии ҷумҳурӣ ба 8 млн. 931 ҳазор нафар расид.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 ҳаҷмии ММД Тоҷикистон 54 млрд. 471 млн. 100 ҳазор сомонӣ ва аввали соли 2017 шумори аҳолии кишвар наздики 8,8 млн. нафарро ташкил дода, мутаносибан ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 6 ҳазору 189 сомонӣ баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, бо ифодаи доллар ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ тайи соли охир бо назардошти тағйири қурб 1,3 фоиз кам шуд: аз 786 то 775 доллар.

Дар рейтинги кишварҳои саросари ҷаҳон оид ба ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ Тоҷикистон маъмулан дар зинаҳои паст қарор дорад.

Дар рейтинги Хазинаи байнулмилалии асъор аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 миёни 187 кишвари баррасишуда Тоҷикистон дар мақоми 173-юм ҷойгир шуда буд.

Қобили зикр аст, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ арзиши бозории ҳамаи маҳсулоту хизматгузориҳоро, ки муддати як сол дар кишвар анҷом дода шудаанд, ифода мекунад. ММД нишондиҳандаи асосии даромаднокии кишвар мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.