Сокинони хонаҳои кӯчонидашуда: Ҷойи хоб надорем

Сокинони манзили кӯчаҳои Бухоро №29, Истаравшан №21 ва №25 аз болои ширкати «Муҳаммад-2009» ба мақомоти шаҳрдории Душанбе шикоят бурданд. Ин ширкат се сол пеш хонаҳои онҳоро кӯчонида, сохтмони хонаи баландошёнаро дар ин ҷо ба итмом нарасонидааст. Сокинони хонаҳо, ки дар мавзеи назди бинои Хадамоти гумрук воқеъ аст, бо раҳбарияти шаҳрдорӣ вохӯрданд. – Зимни вохӯрӣ бо […]

Asia-Plus

Сокинони манзили кӯчаҳои Бухоро №29, Истаравшан №21 ва №25 аз болои ширкати «Муҳаммад-2009» ба мақомоти шаҳрдории Душанбе шикоят бурданд.

Ин ширкат се сол пеш хонаҳои онҳоро кӯчонида, сохтмони хонаи баландошёнаро дар ин ҷо ба итмом нарасонидааст. Сокинони хонаҳо, ки дар мавзеи назди бинои Хадамоти гумрук воқеъ аст, бо раҳбарияти шаҳрдорӣ вохӯрданд.

– Зимни вохӯрӣ бо муовини аввали раиси пойтахт мо изҳор доштем, ки бо вуҷуди ваъдаҳои сершумор, ширкати «Муҳаммад-2009» сохтмони хонаи баландошёна дар кӯчаи Бухороро ба итмом нарасонид. Пулҳое, ки ба мо ҷудо мекунанд, барои иҷораи хона кофӣ нест. Аксарияти сокинони хонаҳои кӯчонидашуда имрӯз дар кӯча бесарпаноҳ мондаанд, – мегӯяд собиқ сокини манзили Истаравшан 21 Олга Гускова.

Ба қавли собиқ сокини кӯчаи Бухоро №29 Таҳмина Абдураҳимова, кӯчонидани хонаҳои онҳо моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд.

– Дар ин ҷо ба сохтмони хонаи 18-ошёна бо номи Zar Palace оғоз карданд. Аввали кор ҳамааш хуб буд. Ба мо пешакӣ барои муваққатан иҷора гирифтани хона барои 10 моҳ пул (400-450 доллар барои 1 моҳ) дода, ваъда карданд, ки семоҳаи сеюми соли 2017 сохтмони хона ба анҷом мерасанд ва аз он ба мо хона медиҳанд, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, сипас ширкат ба мушкилоти молӣ дучор гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ бурда намешаванд.

– Пули иҷорароо бошад, бо дермонӣ ва ҳамагӣ 1000-200 доллар барои 1 моҳ медиҳанд, ки ин миқдор пул барои иҷораи манзил намерасад. Мо маҷбур шудем, ки қарз гирем ва дар ниҳояти кор дар кӯча бесарпаноҳ мондем. Дигар илоҷе наёфта, чанде аз оилаҳо дар дафтари кории ширкат дар ин хона зиндагӣ мекунанд, – илова кард зан.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.