Боздошти 19 ронандаи сархуш дар Душанбе тӯли 1 ҳафта

Кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз 19 то 24 феврал 19 ронандаро дар ҳолати сархушӣ аз машрубот боздошт карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Душанбе, дар сафи боздоштшудагон ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес- Спринтер, маршруткаи №8 Раҷабалӣ Сафарзода низ ҳузур дорад. Гуфта мешавад, дар ин давра кормандони БДА-и пойтахт 8 ронандаро […]

Asia-Plus

Кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз 19 то 24 феврал 19 ронандаро дар ҳолати сархушӣ аз машрубот боздошт карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Душанбе, дар сафи боздоштшудагон ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес- Спринтер, маршруткаи №8 Раҷабалӣ Сафарзода низ ҳузур дорад.

Гуфта мешавад, дар ин давра кормандони БДА-и пойтахт 8 ронандаро бо рақами қайди давлатии бегона ё қалбакӣ, 10 танро – бидуни рақами қайди давлатӣ, 8 касро – бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 128 нафарро – барои баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт ва 90 нафарро – барои истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт боздошт кардаанд.

Зикр мегардад, ки дар ин давра дар маҷмӯъ дар қаламрави шаҳри Душанбе 2 ҳазору 987 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.