Боздошти як тоҷикистонӣ дар фурудгоҳи Краснодар бо беш аз 113 ҳазор доллар

Дар фурудгоҳи шаҳри Краснодар зимни санҷиши мусофирони хатсайр аз Душанбе кормандони гумрук аз бағочи шаҳрванди Тоҷикистон миқдори ниҳоят зиёди пулро бо асъори хориҷӣ дарёфт карданд, хабар медиҳад портали интернетии «Кубань-24» бо истинод ба хадамоти матбуоти мақомоти гумруки Краснодар. Ин мард бо худ 113 ҳазору 70 доллари ИМа пули нақд дошт. Ӯ бидуни пур кардани эъломияи […]

Asia-Plus

Дар фурудгоҳи шаҳри Краснодар зимни санҷиши мусофирони хатсайр аз Душанбе кормандони гумрук аз бағочи шаҳрванди Тоҷикистон миқдори ниҳоят зиёди пулро бо асъори хориҷӣ дарёфт карданд, хабар медиҳад портали интернетии «Кубань-24» бо истинод ба хадамоти матбуоти мақомоти гумруки Краснодар.

Ин мард бо худ 113 ҳазору 70 доллари ИМа пули нақд дошт. Ӯ бидуни пур кардани эъломияи гумрукӣ аз "коридори сабз” гузаштанӣ шуда, қонугузории гумрукии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС)-ро рияо накард, хабар додаанд аз дафтари матбуоти мақомоти гумрук.

Гуфта мешавад, пулҳои мусофир мусодира шуда, ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Хадамоти гумруки Краснодар ба шаҳрвандони бо нақлиёти ҳавоӣ сафардошта ба берун аз қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зарурати саривақт шинос шудан бо қоидаҳои гумрукиро хотиррасон менамояд.

Қобили зикр аст, ки зимни ворид кардан ё аз қаламрави Русия берун баровардани асъори беш аз 10 ҳазор доллари ИМА, расман пур кардани эъломия зарур аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.