АНОНС
– Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» дар Душанбе вохӯрии намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд дар Тоҷикистон Прадип Сривастава бо намояндагони васоити ахбори умум доир мегардад. Оғоз соати 13:30;
– Дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Ҷ. Верди «Травиата» дар се саҳна намоиш дода мешавад. Оғоз соати 17:00;
– Дар Оренбург бо иштироки мутахассисони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳти унвони «Таҷрибаи мусбати муқовимат ба тундгароии динӣ: нигоҳ аз Русия» вохӯрӣ баргузор мешавад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8195 сомонӣ;
1 евро – 10.8621 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1577 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1992 – Таъсиси газетаи «Нидои ранҷбар», нашрияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.
2013 — Палатаи болоии парлумон қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО»-ро тасдиқ кард.
2017 — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешниҳод кард.
1927 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Юсуфшо Яъқубов.
1936 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, арбоби давлатӣ Акбар Ҷӯраев.
1939 – Зодрӯзи шарқшинос Матин Ҳусейнзода.
1948 – Мавлуди актриса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Эркаева.
1951 – Зодрӯзи сарояндаи эстрада, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Умар Зиёев.
1954 – Мавлуди собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов.
1962 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомуддинов.
1965 – Мавлуди олим Маҳмад Шодиев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +7+12.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +4+9; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -3+2
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +16+21; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +19+21.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +5+7.


