Манбаъ: Боздошти падар баъди маълум шудани ҳомиладории духтараш

Нисбати марди гумонбар ба таҷовузи номус ба духтараш парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Нисбати ӯ прокуратураи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бо дастрасии моддаи 138, қисми 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад. Боздоштшуда соли 1978 ба дунё омада, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст, вале дар шаҳри Гулистон зиндагӣ доштааст. Тавре […]

Нисбати марди гумонбар ба таҷовузи номус ба духтараш парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Нисбати ӯ прокуратураи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бо дастрасии моддаи 138, қисми 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.

Боздоштшуда соли 1978 ба дунё омада, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст, вале дар шаҳри Гулистон зиндагӣ доштааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба мақомоти тафтишот хабар дод, бори нахуст ҳанӯз як сол пеш ин мард ба таҷовузи номуси духтараш даст задааст. Баъдан бо таҳдид чандин маротиба духтари 18-солаи худро ба ин кирдори номатлуб водор кардааст. То маълум шудани ҳомиладорӣ духтар ба касе чизе намегуфтаааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, модари духтар ба табибон муроҷиат намуда, онҳо ҳомиладории ӯро тасдиқ кардаанд. Духтарро исқоти ҳамл кардаанд.

«Нисбати мард метавонад боз бо як моддаи Кодекси ҷиноӣ – 164 (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) парвандаи ҷиноӣ боз шавад, зеро ҳеҷ кадоме аз панҷ фарзандашро намегузоштааст, ки ба мактаб раванд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамсар ва фарзандони гумонбаршуда изҳор доштаад, ки аз ҷониби ин мард мунтазам мавриди фишору зӯроварӣ қарор мегирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 феврал гумонбаршуда аз бинои прокуратураи шаҳри Гулистони вилояти Суғд фирор намуда, ба туфайли тадбирҳои фаврии кормандони милитсия ва прокуратура дар муҳлати 12 соат дастгир шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.