Равуои нақлиёти ҷамъиятӣ баъди баста шудани роҳи Қарияи Боло

Мо нақшаи равуои нақлиёти ҷамъиятиро тариқи роҳҳои ҳамшафати наздикии ин мавзеъ таҳия намудем. Дар робита ба оғози сохтмони эстакадаи сесатҳа аз 26 феврал ҳаракати нақлиёт тавассути чорроҳаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе қатъ шуда, нақлиёти ҷаъиятии бо ин роҳ равуодошта акнун бо роҳҳои ҳамшафати ин мавзеъ ҳаракат мекунад. Айни замон ҳамаи хатгардҳо (маршруткаҳо) ва автобусҳо […]

Парвиз Турсунов, Asia-Plus

Мо нақшаи равуои нақлиёти ҷамъиятиро тариқи роҳҳои ҳамшафати наздикии ин мавзеъ таҳия намудем.

Дар робита ба оғози сохтмони эстакадаи сесатҳа аз 26 феврал ҳаракати нақлиёт тавассути чорроҳаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе қатъ шуда, нақлиёти ҷаъиятии бо ин роҳ равуодошта акнун бо роҳҳои ҳамшафати ин мавзеъ ҳаракат мекунад.

Айни замон ҳамаи хатгардҳо (маршруткаҳо) ва автобусҳо ин чорроҳаро дар ду самт давр зада мегузаранд.

Аз ҷониби маҳаллаи Профсоюз ба маҳаллаи 82-юм ва дар идома нақлиёти ҷамъиятӣ бо кӯчаи Шамсӣ гузашта, баъди пул ба дасти чап мегардад. Бо ин самт маршруткаҳои №25, 52, 17, 15 ва автобуси №37 ҳаракат мекунанд.

Маршруткаҳои №19 ва 54 бошанд, аз назди бинои Прокуратураи генералӣ гузашта, ба дасти рост, ба самти маркази савдои «Ёвар» мегарданд ва минбаъд ба сӯи Кӯли ҷавонон рафта, ба хатсайри мукаррарӣ мебароянд.

Автобус ва маршруткаҳои №8-и хатсайри Зарафшон – фурудгоҳ бо роҳи шаҳраки Меҳробод (Калинин) ҳаракат карда, тариқи роҳи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Боғи ҳайвонот ба хиёбони Исмоили Сомонӣ мебароянд.

Аз бозори «Шому саҳар» дар маҳаллаи Қарияи Боло автобуси №26 ва троллейбуси №10 ба самти Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ҳаракат мекунанд.

Трллейбуси №12 мусофиронро аз хиёбони Сино ба самти маҳаллаи Профсоюз мерасонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.